ПРОКУРОР: Гӯштро арзон мекунем
Панҷакент , 17.07.2014 (АМИТ “Ховар”, Гулбаҳор Худоибердиева).Мо намегузорем, ки дигар қассобон гӯштро 35 сомонӣ ва ё аз ин зиёд фурӯшанд. Бас аст…,- гуфт прокурори шаҳри Панҷакент Авазҷон Назаров зимни маҷлиси ҷамбастии нимсолаи аввал. — Аз ин ба баъд назоратро аз болои гӯштфурӯшон пурзӯр менамоем. Чаро онҳо касеро писанд намекунанд? Нархи гӯшт набояд аз 28-30 сомонӣ боло равад. Агар нахоҳанд гӯштро арзон кардан, фаъолият накунанд. Баъд мебинед, ки пас аз 1 ҳафта боз омада бо нархи арзон гӯштро хоҳанд фурӯхт, зеро онҳо дигар илоҷ надоранд,- илова намуд ӯ.Мавсуф ҳамзамон қайд кард, ки ҳама сохторҳои назоратӣ ва мардум бояд якҷоя пеши роҳи боло рафтани нархи гӯштро дар Панҷакент бигиранд.Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамасола болоравии нархи маҳсулоти хӯрока, бахусус гӯшт дар моҳи Рамазон дар ҳама бозорҳои гӯшаву канори мамлакат ба чашм мерасад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






