Раиси шаҳр ба мудирони бозор мӯҳлат дод
Душанбе, 22.07.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи шаҳрдорӣ аз нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои пойтахт дар даҳаи охири моҳи шарифи Рамазон изҳори нигаронӣ намуда, дар ин самт роҳбарони бозорҳои шаҳрро муваззаф сохт, ки бобати захираю бо нархҳои дастрас дар иди Рамазон пешниҳод намудани маҳсулоти ғизоӣ ба сокинон чораҳои қатъӣ андешанд. Раиси шаҳр бобати ислоҳи вазъ дар ин самт ба Бурҳон Назаров -муовини соҳавияш, Сайфулло Амонов- сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе, инчунин кулли мудирони бозорҳои шаҳр то 1 сентябри соли равон мӯҳлат дод. Инчунин, М. Убайдуллоев ба масъулини сохторҳои марбута дастур дод, ки ҷиҳати ғанӣ гардонидани хони идонаи шаҳрвандон рӯзҳои 26-27 июл дар тамоми шаҳраку маҳаллаҳо ярмаркаи маҳсулоти кишоварзиро роҳандозӣ намоянд. Ҳамзамон барои аз байн бурдани сохторҳои беасоси миёнарав, ки яке аз омилҳои баланд гардидани нарх дар бозорҳо гардидаанд, қарор шуд, ки фаъолияти тамоми нозирони минтақавӣ, духтурони санитарию байторӣ, ки беш аз 5 сол дар як бозор фаъолият доранд, таҷдиди назар карда шаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






