Роҳзанон ба даст афтоданд
Душанбе, 21.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Аз ҷониби кормандони Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамчун гумонбар дар роҳзанӣ ду нафар сокини 20 -солаи ноҳияи Шаҳритус дастгир гардид.Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, онҳо шаби 17 ба 18-уми июли соли 2014, дар назди Маркази савдои «Садбарг» ба автомашинаи шахсии сокини 22-солаи пойтахт Фирӯз Подшоев, тамғаи «Volkswagen Golf», нишаста, ҳангоми ҳаракат ба тарафи бозори «Саховат», дар назди ошхонаи «Осиё», воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабоев бо истифода аз миёнбанди чармӣ ӯро буғӣ мекунанд. Сипас номбурдагон ҳамчунин таҳдиди зӯрӣ намуда, аз ӯ 480 доллари амрикоии пули нақд, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Nokia», ки арзишаш 500-сомонӣ мебошад ва автомашинаашро гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Тибқи иттилои сарчашма, дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо изи гарм Диловар Эшмуродов ва Аҳрор Кенҷаев фавран дастгир гардида, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






