Рушди лаёқати барвақтии кӯдакон
Хоруғ, 22.07.2014. (АМИТ «Ховар» Файз Мирасан).- Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба роҳ мондани шаклҳои наву алтернативии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз қабили марказҳои инкишофи кӯдакон, боғчаҳои бачагонаи хонагӣ ва монанди ин масъулини Донишкадаи такмили маълумоти касбии омӯзгорони вилоят тадбирҳои амалӣ меандешанд. А.Аҳмадбекова ҳамоҳангсози гурӯҳи омодагӣ ба мактаби таҳсили ибтидоии ДТМК гуфт, ки сарвари мамлакат дар паёми имсолаи худ ба мардуми кишвар бори дигар аҳамияти рушди лаёқати барвақтии кӯдаконро таъкид намуда баён дошт, ки зинаи аввали таълиму тарбия, ба фаъолияти муассисаҳои томактабӣ вобастагии мустақим дорад. Бо дарки ин маънӣ ва бо мақсади шинос намудани омӯзгорони марказҳои инкишофи кӯдакон бо барномаи нави таълимӣ -тарбиявӣ дар мактаби рақами дуюми шаҳри Хоруғ курси омӯзиши ҳафтрӯза оғоз гардид. Ба ин омӯзиш омӯзгорон аз тамоми ноҳияҳо ва шаҳри Хоруғ фаро хонда шуданд.Бояд гуфт, ин барнома аз ҷониби шӯъбаи равобити байналмиллалии таnбиқи лоиҳа ва грантҳои Донишкадаи такмили маълумоти касбӣ дар назди Вазорати маориф ва илми кишвар дар тамоми минтақаҳои мамлакат роҳандозӣ шудааст. Сохторҳои соҳаи маориф ва илми кишвар бо истифода аз тамоми воситаву имкониятҳо дар хусуси ташкили муассисаҳои томактабӣ ва фаро гирифтани шумораи ҳар чӣ бештари кӯдакон ба чунин муассисаҳо мунтазам чораҷӯӣ мекунанд ва ташкили омӯзиши соҳавӣ барои омӯзгорон аз ҷумлаи ин тадбирҳо мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






