С. Аслов: «Ҷаласа дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид»

Июль 31, 2014 14:25

Душанбе, 31.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — «Вежагии вохӯрии имрӯза дар он аст, ки кор дар самти ҳамоҳангсозӣ ва омода кардани санадҳои ҳуқуқӣ оид ба қабули аъзои нав амалан ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст»- изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои ҷаласаи ШВКХ СҲШ.С. Аслов ҳамчунин илова намуд: «Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба татбиқи мувофиқаҳои аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар рафти саммити Бишкек 13 сентябри соли 2013 ҳосилшуда, дар фазои дӯстона ва созанда муҳокима гардиданд. Ҳамзамон, ҷонибҳо масоили омодагиҳо ба саммити қарибулвуқӯи СҲШ дар моҳи сентябри соли равон дар Душанберо мавриди баррасӣ қарор доданд.Давлатҳои аъзои СҲШ, тақрибан, дар робита ба тамоми масъалаҳои рӯзнома назари муштарак ва мавқеи ба ҳам наздик доранд. Вобаста ба натиҷаҳои гуфтушунидҳо, аз инкишофи пайвастаи СҲШ изҳори қаноатмандӣ намудем ва ҷонибдории хешро роҷеъ ба идомаи кор дар роҳи таҳкими зарфияти Созмон баён доштем.Ҳамчунин, дар робита ба масоили муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъ дар паҳнои СҲШ, табодули назар сурат гирифт.Роҳбарони ҳайатҳо масъалаҳои такомули ҳамкориҳои мутақобилаи Созмони ҳамкории Шанхай бо давлатҳои нозири СҲШ ва шарикони муколама бо Созмони Ҳамкории Шанхайро ба таври муфассал муҳокима намуданд. Масъалаҳои таҳкими амнияти минтақавӣ ва мубориза бо чолишу таҳдидҳои фаромиллӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштанд. Мо фаъолсозии ҳамкориҳои амалии мутақобиларо бо давлатҳои нозири СҲШ дар чаҳорчӯби Созмон роҷеъ ба ин масъалаҳо муҳим мешуморем.Мо, бо ҷонибдорӣ аз ташаккули Афғонистон ба сифати кишвари соҳибистиқлол, осоишта, бетараф ва шукуфо, аз нақши марказии ҳамоҳангсозандаи СММ дар саъю талошҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли қазияи Афғонистон таъкид ба амал овардем.Дар ҷараёни ҷаласа лоиҳаи Қарори Шӯрои сарони давлати аъзо “Оид ба лоиҳаи Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025” маъқул дониста шуд, ки он дурнамои самтҳои ҳамкории мутақобилаи давлатҳои аъзоро муайян намуда, самарабахшии иҷрои вазифаҳоеро, ки дар назди Созмон қарор доранд, таъмин мекунад. Ҳамзамон таъкид бояд кард, ки ба ақидаи мо, вазифаҳои нави Созмон бояд ба коҳиш додани таъсири равандҳои манфии байналмилалӣ ва минтақавӣ, дар умум ба СҲШ ва аз ҷумла, ба давлатҳои аъзо, равона карда шаванд. Иҷрои муваффақонаи ин вазифаҳо нақш ва аҳамияти Созмонро дар ҷаҳон боло хоҳад бурд ва таъсиргузории онро ба корҳои байналмилалӣ тақвият хоҳад бахшид.Мо густариши муносибатҳои шарикиро байни СҲШ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамоишҳо, аз ҷумла СММ, Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, Идораи СММ оид ба маводди мухаддир ва ҷиноятҳо, Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, ИДМ, СААД, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Маркази минтақавии иттилоотиву ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои он, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё муҳим арзёбӣ менамоем.Роҳбарони ҳайатҳо лоиҳаҳои Тартиби додани мақоми давлати узви СҲШ ва Ёддошти тафоҳуми намунавӣ оид ба уҳдадориҳои давлати дархосткунанда бо мақсади дарёфти мақоми давлати узви СҲШ-ро дар таҳрири нав маъқул донистанд.Қабули ин санадҳо дар рафти ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар Душанбе ҷиҳати тавсеаи чаҳорчӯби ҷуғрофии СҲШ мусоидат намуда, дар навбати худ ба ҳамкориҳои бисёрҷониба дар минтақа ба таври самарабахш таъсиргузор хоҳад буд.Мо, ҳамчунин, оид ба ҷаласаи ШВКХ СҲШ баёнияи иттилоотӣ расмӣ қабул кардем.Дар фарҷом, мехостам таъкид намоям, ки ҷаласа дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми чун анъана ба муносибатҳои давлатҳои аъзои СҲШ хос, баргузор гардид».

 

Июль 31, 2014 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Шиносоӣ аз наздик. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд