Сабқат аз намуди волейбол дар миёни занон
Хоруғ, 19.07.2014.( АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол миёни дастаҳои занона ҷиҳати дарёфти ҷоизаи устоди варзиш, мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бекназар Мавлоназаров оғоз гардид. Ин мусобиқа то 21-уми июл идома меёбад ва дар он 7 даста ширкат мекунанд. Хотиррасон мекунем, ки ин мураббии варзида дар рушди риштаи волейбол дар шахри Хоруғ саҳми арзишманд гузошта, ҳоло роҳбарии тими мунтахаби занонаро бар дӯш дорад. Дар давоми 20 соли охир ин тим 12 маротиба дар ҷумҳурӣ мақоми аввалро ишғол карда, шарафи варзишии кишвари моро дар чандин сабқатҳои байналмилалӣ низ ҳифз кардаанд. Бояд гуфт, ки бо мақсади рушди бештари соҳаи варзиш дар чанд соли охир бунёди варзишгоҳҳо ва муассисаҳои варзишӣ дар қаламрави ВМКБ вусъати тоза пайдо намуда, дар се соли охир бо маблағҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ва бо ҷалби соҳибкорон дар маркази вилоят ва ноҳияҳои он даҳҳо иншооти варзишӣ мавриди баҳрабардории наврасону ҷавонон қарор дода шудаанд. Бино ба итиллои масъулини Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят танҳо соли равон дар шаҳру навоҳии вилоят бо кумаки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ 15 майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода шудаанд ва 22 иншооти варзишӣ дар ҳоли таҷдид қарор доранд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






