Садамаи мудҳиш дар Гондурас
Душанбе,31.07.2014 (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ)-Дирӯз дар Гондурас садамаи мудҳиши нақлиётӣ ба вуқуъ омад. Дар паи ин ҳодиса 11 нафар ба ҳалокат расида, чанд тани дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмони бардошта бистари беморхона гардиданд. Ба гуфти расонаҳои дохили кишвар автобуси ҳомили низомиён ба мошини боркаш бархўрдааст. Гуфта мешавад, ки ҳодиса дар яке аз роҳҳои мошингарди шаҳри Камоягуа сар задааст. Мувофиқи иттилои омор танҳо соли гузашта дар Гондурас бар асари садамаҳои нақлиётӣ садҳо нафар ҷон бохтаанд.
Амалёти густурда дар Миср
Душанбе,31.07.2014 (АМИТ «Ховар» )-Ҳафтаи равон дар қисми шимолии Миср дар рафти амалиёти густурда алайҳи террористон 7 силоҳбадаст безарар гардонида шуд. Мувофиқи иттилои амнияти маҳаллӣ, дар ҷараёни амалиёт як анбори силоҳбадастон тавассути зарбаҳои мушакӣ несту нобуд карда шуд. Гуфта мешавад, ки аз оғози нооромиҳо то ҳол бар асари ҳамлаю амалҳои террористӣ дар Миср 1 ҳазору 400 нафар қурбон гардида, 22 ҳазор тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Авҷ гирифтани табларзаи «Эбола»
Душанбе,31.07.2014 (АМИТ «Ховар» )-Бано бар якбора авҷ гирифтани бемории табларзаи «Эбола» бузургтарин ширкати соҳавии қораи Африқо «Эй-Эс-Кей-Вай» парвози тамоми ҳавопаймоҳоро ба Либерияву Серра-Леоне ва вуруди онҳоро ба кишвар мамнўъ донист.Гуфта мешавад, ки ин иқдоми таъҷилӣ ба сироят ёфтан аз ин маризӣ ва ба ҳалокат расидани яке аз мусофирони ҳавопаймо марбут мебошад. Тўфони «Накри»
Душанбе,31.07.2014 (АМИТ «Ховар» )-Муасисаи обуҳавосанҷии Япония дар бораи бархостану ба ҳаракат омадани тўфони ҳораи «Накри» гузориши фаврӣ интишор дод.Мувофиқи иттилои муассисаи мазкур тўфон бо суръти 10 километр дар як соат ба самти шимоли мамлакат ҳаракат дорад. Сӯхтор дар Русия
Душанбе,31.07.2014 (АМИТ «Ховар» )-Шаби гузашта дар Ҷумҳурии Ёқутистони Федератсияи Русия ду бинои зисти дуошёна ба коми оташсўзӣ рафт Дар вақти алангаи сўхтор 3 нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар шадидан осеб дида, дар яке аз шифохонаҳои маҳаллӣ дар ҳолати вазнин қарор доранд.Гуфта мешавад, ки сўхтор дар ҷараёни анҷом додани корҳои кафшергарӣ сар задааст.Тафтишот дар ин самт идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






