Сатҳи ҳамкориҳои байналмилалии ДМТ
Душанбе, 8.07.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Имрӯз зимни нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон Абдусалом Миралиев, муовини ректори ДМТ оид ба таълим иброз намуд, ки Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон густариш ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, омӯзишӣ ва фарҳангиро бо давлатҳои хориҷӣ аз самтҳои афзалятноки фаъолияти худ мешуморад. Айни ҳол донишгоҳ бо 105 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва пужуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии 18 кишвари хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад. Аз ин шумора 6 қарордоди ҳамкорӣ дар давраи ҳисоботӣ баста шуд. Ҷуғрофияи ҳамкориҳои ДМТ бо кишварҳои хориҷӣ гуногунҷабҳа буда, ҳамкориҳои судманд бо макотиби олии давлатҳои Русия, Украина, Белоруссия, Озарбойҷон, Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Чин, ИМА, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои дигар ба роҳ монда шудаанд.Дар нимсолаи дуюми соли хониши 2013-2014 дар зинаҳои гуногуни таҳсилот 134 шаҳрванди хориҷӣ муҳассили донишгоҳ буданд. Аз ҷумла дар аспирантура- 53 нафар, 6-нафар унвонҷӯ, дар магистратура- 17 нафар, 53- нафр донишҷӯ ва 5 нафар дар Маркази омӯзиши забонҳо ба таҳсил фаро гардиданд.А. Миралиев ҳамчунин гуфт, ки самти муҳими робитаҳои бурунмарзии донишгоҳ бо кишварҳои хориҷӣ мубодилаи донишҷӯён мебошад. Имсол дар доираи Донишгоҳи шабакавии ИДМ 14 нафар магистратураро хатм намуда, соҳиби диплом гардиданд. Яке аз ДМТ ва дигаре аз Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ва ё Донишгоҳи давлатии Новосибирск.Бо мақсади тарғиби фарҳангу забони тоҷикӣ дар хориҷи кишвар ДМТ дар Донишгоҳи давлатии забонхои Маскав, Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ ташкил намудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






