Ш. Саид аз натиҷаи фаъолияти ПСС дар 6 моҳ изҳори қаноатмандӣ кард
Душанбе, 09.07.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Нарзӣ). -Дар нишасти матбуотие ки имрӯз (09.07.2014) баргузор гардид, ҷамъбасти нимсолаи соли равон шунида шуд. «Имрӯз бо мусоидати ниҳоди мазкур ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишварамон самаранок фаъолият доранд», — кайд намуд раиси Палатаи савдо ва саноати ЧТ (ПСС) Шариф Саид. Хамчунин зикр гардид, ки дар давоми нимсолаи сипаригашта дар ПСС як қатор вохӯриҳо доир гардид, аз ҷумла: бо Сафири Ҳиндустон дар ҶТ Аситх Кумар Бхаттачарджи, Сафири Чин дар ҶТ Фан Сянҷун, Сафири Ҷопон Хироюки Имахаши дар ҶТ ва чандин роҳбарону намояндагони ташкилотҳои бонуфузи иқтисодию тиҷоратии хориҷӣ масъалаҳои муҳими ҳамкориро баррасӣ намуданд. Тайи солҳои зиёд ПСС ҶТ чеҳранамои тиҷорати намоишгоҳӣ дар ҶТ аст. Чорабиниҳои намоишгоҳӣ бо кишварҳои хориҷаи наздик ва дур дар асоси созишномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ ва байнипалатаӣ ба имзо расида, амалӣ мешаванд. Вазифаи ПСС мусоидат кардан ба тавсеаи гардиши мол, кооператсияи соҳибкорию байнисоҳавӣ, рушди робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳанги миёни халқҳо мебошад. То имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-умин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмиллалии «Тӯҳфаҳо ва туризм» бо иштироки 40 ширкат аз Фаронсаву Олмон, Туркияву Чин ва Эрону Афғонистону Тоҷикистон, Намоишгоҳи байналмиллалии «TojExpo Баҳор-2014» бо иштироки 40 ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ, Намоишгоҳ «Тоҷикистон-2014» (Хуҷанд) баргузор шуда буд. Ш. Саид аз натиҷаи фаъолияти соҳа дар 6 моҳ изҳори қаноатмандӣ карда афзуд, ки имкониятҳои истифода нагардида хеле зиёданд ва амалӣ хоҳанд шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






