Шаҳрдорӣ: «Фитри рӯза ва закотро ба ниёзмандон диҳед»

Июль 24, 2014 10:41

Душанбе, 24.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар ҷаласаи шаҳрдории Душанбе қарор гардид, ки соли равон садақаи фитри рӯза ва закоти рӯзадорон танҳо ба оилаҳои камбизоату ниёзманди пойтахт дода шавад. Ин пешниҳоди раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдулоев аз ҷониби имомхатибон ва фаъолони пойтахт якдилона пазируфта шудааст.  Бояд тазаккур дод, ки соли равон дар асоси тасмими Шӯрои уламои кишвар ҳаҷми садақаи фитри рӯза 4 сомонӣ баробар ба 1 килою 622 грамм нархи гандум ва нисоби закот аз 10 ҳазору 875 сомонӣ аз рӯи арзиши як грамм тилло, ки 25 $ аст, 272 сомонӣ муайян гардидааст.  Ҳамзамон раиси шаҳр ба роҳбарони сохторҳои марбутаи пойтахт дастур додааст, ки дар рӯзи иди саиди Фитр, ки ба 28 июл рост меояд, дар мавриди анҷоми вазифаҳои таъинотии хизматӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Июль 24, 2014 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд