Шаҳрдорӣ: «Нархи маҳсулоти аввалия дар бозорҳо коҳиш меёбад»
Душанбе, 07.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Тадбирҳои андешидаи шаҳрдории Душанбе дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону тоҷирони пойтахт ҷиҳати паст кардани нархи 20 намуди маҳсулоти хӯрока натиҷаҳои судманд медиҳанд. Таҳлилҳои омории Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ дар санаи 3 июл собит месозад, ки нархҳои 20 намуд маҳсулоти дар пойтахт танзимшаванда дар қиёс ба нархи бозорҳои шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рашт, Ваҳдат ва Хуҷанд паст будааст. Масалан дар шаҳри Турсунзода нархи 1 килограмм шакар -5 сомонӣ, карам- 2 сомонӣ, равғанӣ растанӣ- 8 сомонӣ, дар бозори Ҳисор 1 килограмм бехпиёз-1 сомонию 80 дирам, шакар-5 сомонӣ, гӯшти гов-38 ва гӯсфанд-40 сомонӣ, дар Рашт 1 килограмм картошка -3 сомонӣ, бехпиёз-2 сомонӣ, сабзӣ, карам, помидор ва бодиринг — 3 сомонӣ, шакар-5 сомонӣ, тухм -80 дирам, биринҷ — 9 сомонӣ, равғани растанӣ-10 сомонӣ, дар Ваҳдат 1 килограмм картошка 2 сомонӣ, сабзӣ ва бодиринг 2 сомонию 30 дирам, шакар-5 сомонӣ, гӯшти гов-37, харбуза- 15 сомонӣ, дар Хуҷанд бошад 1 килограмм картошка 2 сомонию 40 дирам, шакар-5 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки бо дахолати шаҳрдорӣ нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои пойтахт дар моҳи Рамазон дар қиёс ба 1 июл 19% коҳиш ёфтааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






