Шартномаи мураббиёни тоҷик ба ФФА
Душанбе, 23.07.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Ҳафт мураббии риштаи футболи тоҷик , ки муҷаввизи дараҷаи «А»-и Конфедератсиони футболи Осиёро доранд, ба Кобул барои раҳбарӣ ба бошгоҳҳои футболи Афғонистон мераванд.Тавре ки дар ин бора ба сомонаи Федератсиони футболи Тоҷикистон Муҳаммад Юсуф Коргар, муовини раиси Федератсиони футболи Афғонистон хабар додаст, мураббиёни тоҷик бо ин Федератсия шартнома ба имзо расидаанд.Мутахассисони тоҷик ба дастаҳои Афғонистон дар мавриди баргузории мусобиқаи қаҳрамонии ин кишвар, ки моҳи сентябр шурӯъ мешавад, раҳбарӣ мекунанд.Ба иттилои манбаъ, бираббиён Боирҷон Эгамбердиев, муовини мудири техникии ФФТ оид ба маълумоти мураббигӣ, Аҳлиддин Турдиев, собиқ сармураббии дастаи «Далерон»-и Истаравшан, Тоҳирҷон Муъминов, сармураббии «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, Ғайраталӣ Мираҳмадов, собиқ сармураббии «Равшан»-и Кӯлоб, Валиҷон Эгамбердиев, мураббии Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол, Наҷмиддин Толибов, собиқ сармураббии «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва Ҳасан Раҷабов, собиқ менеҷери мунтахаби миллии Тоҷикистон ҷиҳати фаъолияти минбаъда, ба Кобул сафар хоҳанд кард. Ба онҳо боз як мутахассис — Усмон Тошев аз Узбакистон, ки мушовири ФИФА ва АФК мебошад, ҳамроҳ мешавад.Ба гуфтаи Муҳаммад Юсуф Коргар, мутахассисони Тоҷикистон ва Узбакистон нимаи моҳи август озими Кобул мешаванд ва бо дастаҳои худ давраи омодагиро ба мусобиқаи қаҳрамонии Афғонистон анҷом медиҳанд. Ба кадом дастаҳо раҳбарӣ кардани онҳо баъди ба Кобул омаданашон маълум хоҳад шуд.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






