Шоҳбулутҳои Белҷӣ дар Тоҷикистон нашъу намо меёбанд
Душанбе, 22.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Зимни нишасти матбуотие, ки имрӯз дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, Азизулло Исматов роҳбари ин агентӣ ба хабарнигорон маълумот дод, ки дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дар шафати шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ барои кабудизоркунӣ аз ҷониби кормандони агентӣ ва ташкилоту муассисаҳои он дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ба миқдори 22 ҳазор бех ниҳолҳои гуногуни сояафкан ва ороишӣ шинонида шуд. Ҳамчунин дар қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзеи Сайёди ноҳияи Данғара аз ҷониби кормандони соҳаи ҷангал ба миқдори 53 бех ниҳолҳои гуногун шинонида шуд, ки то кунун дар онҳо 2 маротиба корҳои нигоҳубини агротехникӣ гузаронида шудааст ва ҳолати онҳо мӯътадил мебошанд.Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ А. Исматов дар посух ба хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба нашъу намои Шоҳбулутҳои Белҷӣ гуфт, ки Шоҳбулутҳои Белҷӣ ба боду ҳавои Тоҷикистон мутобиқ буда дар айни ҳол хуб нашъу намо ёфта истодаанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






