Суғд: 790 миллион сомонӣ андоз ҷамъоварӣ шуд
Душанбе, 9.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар нишасти хабарӣ оид ба натиҷаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-июни соли 2014 зикр гардид, ки нақшаи даромади буҷети давлатӣ бо баҳисобгирии андозҳои иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104,8 фоиз иҷро гардида, наздик ба 790 миллион сомонӣ андоз ҷамъоварӣ карда шуд. Аз 18 шаҳру ноҳияи вилоят фақат шаҳри Конибодом ва ноҳияи Зафаробод иҷроиши нақшаи қисми даромади андози давлатиро таъмин карда натавонистанд.Маблағи ҳақиқии қисми даромади буҷети нимсолаи аввали соли ҷорӣ назар ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2013 137,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад.Дар нишаст ҳамчунин таъкид шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи саноат назар ба 1 июли соли 2013 ҳамагӣ 124 фоиз ва дар моҳи июн бошад, 1,6 маротиба афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ ба ҳаҷми 1,6 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






