Суғд: Таъсиси маркази омӯзиши ҳунарҳои миллӣ дар Урметан
Душанбе, 22.07.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҷиҳати тақвият бахшидан ба раванди эҳёи ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла қолинбофии дастӣ ва сӯзанидӯзӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд.Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, то имрӯз барои омӯзонидани ҳунари қолинбофии дастӣ ва сӯзанидӯзӣ ба занону духтарони хонашин ва ба ин васила ба шуғл фаро гирифтани онҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ташаббуси Раёсату шӯъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлативу соҳибкорон дастгоҳҳо ва маҳсулоти қолинбофиву сӯзанидӯзӣ харидорӣ карда шуда, ба шаҳрвандон омӯзонидани ин ҳунарҳои зебои миллӣ оғоз гардид.Гуфта мешавад, ки ҳафтаи сипаригардида низ дар ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ тариқи роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 20 нафар занону духтарони хонашини деҳот ба омӯзиши ҳунари сӯзанидӯзӣ фаро гирифта шуданд.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






