Суғд: Ворид шудани 936 адад адабиёти нав ба китобхона
Душанбе, 7.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Давоми панҷ моҳи соли равон ба китобхонаи бачагонаи вилояти Суғд ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ 936 адад адабиёти нав ба таври ройгон ворид гардидааст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маъмурияти китобхона хабар дода, афзуданд, ки дар ин давра ҳамчунин барои хонандагон чорабиниҳои судманди ҷиҳати тарбиявӣ дошта, аз қабили вохӯриҳо бо аҳли қалам, олимон, суҳбатҳо дар мавзӯъҳои доғи рӯз — худкушӣ, нашъамандӣ, қоидавайронкунӣ, таҷлили ҷашнҳои таърихӣ ва мавлуди адибону олимон ва шахсони барӯманд доир гаштаанд.Маврид ба зикр аст, ки китобхонаи вилоятии бачагона дар аввали соли ҷорӣ ба номи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Аминҷон Шукӯҳӣ гузошта шуда буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






