Судяро бо ҷурми 8000 $ пора ба ҳабс мегиранд, Маҷлиси миллӣ ризоият дод

Июль 17, 2014 14:14

Душанбе, 17.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалол Исроилов бо ҷурми гирифтани 8 000 $ пора ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, ба ҳабс гирифта мешавад. Дар робита ба ин 17 июл дар ҷараёни баргузории иҷлосияи ҳаждаҳуми палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ризоият дод. Салимзода Шерхони Одина -Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни тавзеҳи қазияи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалол Исроилов гуфт, ки ҷинояти гирифтани пораро аз ҷониби Ҷалол Исроилов Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикисто ошкор намудааст. Алҳол дар пешбурди Агентӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалол Исроилов мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад. Салимзода Шерхони Одина афзуд, ки Ҷалол Исроилов дар марҳиллаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати коллегия ҳамчун маърузачӣ шикояти кассатсионии роҳбари хоҷагии деҳқонии «Саидшариф Шарифов»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Ҳасанов М.А.-ро дар бораи беэътибор донистани ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 7 сентябри соли 2012 дар қисми бекор кардани қарорҳои раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз 18 декабри соли 1999 ва аз 28 декабри соли 2008 мавриди баррасӣ қарор додааст. Ҷ. Исроилов дар раванди баррасии шикояти кассатсионӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ, барои дар доираи ваколатҳои мансабии худ ба манфиати хоҷагии номбурда ҳал шудани шикояти кассатсионӣ, аз Ҳасанов М.А. ду маротиба -22 ноябри соли 2012 дар наздикии бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 400 $ ва тахминан 2 ё 3 декабри соли 2012 дар утоқи кории худ 600 $ дар маҷмӯъ 8 000 $ ба сифати пора талаб карда гирифтааст. Дар натиҷа бо мусоидати Ҷ.Исроилов бо қарори суди марҳиллаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2012 шикояти кассатсионӣ қонеъ, ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 7 сентябри соли 2012 бекор ва парванда барои аз нав баррасӣ намудан ба ҳамон суд дар дигар ҳайати судӣ ирсол гардидааст. Прокурори генералии кишвар зикр кард, ки:- бинобар он ки ҳангоми баррасиҳои минбаъдаи судӣ баҳс ба манфиати Ҳасанов М.А ҳал нашудааст ва аризадиҳанда аз Ҷ. Исроилов- судяи Суди Олии иқтисодии кишвар баргардонидани маблағҳои қаблан додаашро талаб кардааст. Дар робита Ҷ. Исроило шурӯъ аз моҳи майи то 14 июни соли 2014 шахсан дар чор ҳолат ва дар як ҳолат писараш Алишер Исроилов аз маблағи 8 000 $ ки қаблан ба сифтаи пора аз Ҳасанов М.А гирифтаашро қисман ба маблағи 1300 $ ва 3400 сомонӣ баргардонидаааст. Инчунин 23 июни соли равон Ҷ. Исроилов тавассути писараш А. Исроилов боз 200 $ -ро ба Ҳасанов М.А баргардонида медиҳад. Дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ -тафтишотӣ маблағи 200 $ дар ҳузури А. Исроилов ва Ҳасанов М.А ёфта гирифта мешавад. Ҳамзамон Ҷ. Исроилов 23 июни соли 2014 бо мақсади бозпас гардонидани қисми боқимондаи маблағи қаблан ба сифати пора гирифтааш- 5800 $ ва 100 сомониро ба мақомоти тафтишотӣ ихтиёран месупорад. Салимзода Шерхони Одина гуфт, ки тибқи талаботи моддаи 9-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дошта, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ танҳо аз тарафи Прокурори генералӣ оғоз карда мешавад. Прокурори генералӣ таъкид кард, ки судяро дастгир кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир кардани ӯ ҳангоми содир кардани ҷиноят. Инчунин ба ҳабс гирифтани судя бо розигии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст. Дар робита ба ин 18 июни соли 2014 аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалол Исроилов бо моддаи 319 қисми 3 -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Июль 17, 2014 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд