Тағйирот ба НҲМ- 2008
Душанбе, 3.07.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Чорабинии навбатӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми ҳисоботҳои миллӣ -2008 (НҲМ-2008) аз 30 июн то 4 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор мегардад.Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон, дар семинари омӯзишӣ намояндагонии мақомоти омори Озарбойҷон, Арманистон, Афғонистон, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат доранд. Дар рӯзи нахустини семинар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯзаи «Нақшаи амалиёт оид ба ҷорӣ намудани НҲМ-2008 дар Тоҷикистон» баромад намуданд. Дар асоси таҷрибаи иштирокчиён, тавсияҳои донишкадаҳои молиявию иқтисодӣ, аз ҷумла Хазинаи байналмилалии Асъор, коршиносони омори СММ дар нақшаи амалиёт барои татбиқи НҲМ — 2008 тағйиротҳои зарурӣ ворид шуда, барои баррасӣ ва мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ирсол мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






