Таҳқиқи нави бунёдӣ дар соҳаи публитсистикаи тоҷик

Июль 21, 2014 15:27

Душанбе, 21.07.2014 (АМИТ «Ховар» Фарзона Достонзода). — Нашриёти Донишгоҳи Славянии Руссияву Тоҷикистон монографияи нави доктори илмҳои филологӣ, мудири кафедраи таърих, назарияи рӯзноманигорӣ ва ВАО-и электронии ДСРТ Масрур Абдуллоев таҳти унвони «Публитсистикаи тоҷик ва ҳуввияти миллӣ (баъди чоряки XIX -нимаи авали асри XX)» -ро аз чоп баровард. Дар монография пайдоиш ва таҳаввули масъалаи ҳуввияти миллии тоҷик дар чоряки охири асри XIX — нимаи авали асри XX (то соли 1940) дар публитсистикаи тоҷик таҳқиқ шудааст. Муносибати фарқкунандаи муаллиф ба мавзӯъ дар монографияи мазкур дар он аст, ки инъикоси худшиносии миллии тоҷик дар асарҳои баррасигардидаи давраи публитсистӣ (дар мисоли корҳои публитсистии Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Аббос Алиев , Абдулқодир Муҳиддинов ,Турақул Зеҳнӣ ва дигарон) бо назардошти равандҳои эволютсионии ҳуввияти милли тоҷик ва гузариши он аз як типи таърихӣ ба дигар мебошад.Бояд зикр намуд, ки кори мазкур таҳқиқи нави бунёдӣ дар соҳаи таърихи публитсистикаи тоҷик мебошад. Китоб зери таҳияи умумии аъзокорреспонденти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомов М.С. нашр шудааст. Муҳарири масъули монография доктори илмҳои филологӣ профессор Н.Н.Салихов мебошад.Мақсади асосии монографияи нав ҳамаҷониба таҳқиқ ва таҳлилу инъикоси таърих мебошад. Монография мариди таваҷҷӯҳи муҳаққиқони таърихи публитсистикаи тоҷик ва рӯзноманигорӣ, забоншиносон, файласуфон, таърихчиён, ҳамчунин донишҷӯён ва аспирантони самтҳои гуманитарӣ қарор хоҳад гирифт.

Июль 21, 2014 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд