Таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар зинаи магистратураи кишварҳои хориҷӣ
Душанбе, 09.07.2014 (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).-Дар ҳамкорӣ бо Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон ва Барномаи JDS 5 нафар хизматчии давлатӣ барои таҳсил дар зинаи магистратураи донишгоҳҳои Ҷопон барои солҳои таҳсили 2014-2016 интихоб гардиданд. Ин нукта зимни нишасти хабарии Агентии хизмати давлатии назди Президенти кишвар баррасӣ гардид. Гурез Қосимзода–муовини якуми директори Агентии мазкур гуфт ҳамасола 5 нафар хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои Ҷопон фиристода шуда, имсол 23 нафар хизматчиёни ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки бо забони англисӣ хуб ҳарф мезананд,аз вазорату идораҳои гуногун барои таҳсил ба магистратураи ҷумҳурии Корея низ тавсия дода шуданд. Файзулло Фақиров-муовини сардори шӯъбаи ташкилӣ,таҳлилӣ ва иттилоотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин гуфт,ки аллакай 15 нафар хизматчиёни давлатии кишвар дар зинаи магистратураи Ҷопон таҳсил намуда баргаштанд ва 3 нафари дигар моҳи сентябр ба ватан бармегарданд.Ба иттилои манбаъ дар назар аст имсол 3 нафар хизматчии давлатӣ аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 нафар аз Вазорати энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба зинаи магистратураи донишгоҳҳои Ҷопон сафарбар гарданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






