Табдили ном кардани бархе аз деҳаю деҳоти Хатлон

Июль 17, 2014 16:11

Душанбе, 17.07.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Бархе аз деҳот ва деҳаҳои ноҳияҳои Балҷувон, Муъминобод, Хуросон, Восеъ, Бохтар ва Шӯроободи вилояти Хатлон табдили ном карданд. Дар робита ба ин 17 июл дар иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон қарори марбута қабул карда шуд. “Ин тадбир бо мақсади поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ, эҳёи номҳои таърихии маҳал, гиромӣ доштани номи неки фарзандони фарзонаи миллат андешида шудааст”, гуфт зимни баррасии ин масъала Раҳимӣ Фарҳод -раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар назди аъзои палатаи болоии Парлумони кишвар.Аз ҷумла, дар ноҳияи Балҷувон деҳоти “Саталмуш” ба деҳоти ба номи “Сафар Амиршоев”, деҳоти “Дектур” ба номи “Сайф Раҳим”, деҳаи Саталмуш ба Навбаҳор, деҳаи Чилатош ба Хуррамдеҳ, Қайрубак ба Чашмасор, Болдой ба Обшорон, деҳаи Дектур ба деҳаи Зарнисор, деҳаи Инакбой ба Ширинчашма, деҳаи Тошбулоқи боло ба Чашмасанги боло, Тошбулоқи поён ба Чашмасанги поён, деҳаи Чолтош ба Заркӯҳ, деҳаи Салоҳбек ба деҳаи Шифочашма, деҳаи Қаракамари эшонҳо ба деҳаи Самар, деҳаи Қаракамари ӯзбекҳо ба деҳаи Некмардон, дар ноҳияи Мӯъминобод бошад деҳоти “Кулчашма” ба номи “Нуралишо Назаров”, деҳаи Кулулу ба деҳаи Заркамар иваз карда шуданд.Инчунин дар ноҳияи Хуросон деҳаи Қизилқалъа ба Бандар, Уялӣ ба Хуросон, деҳаи Анҷумани 18-партсъезди поён ба деҳаи ба номи Неъматуллои Асадулло, дар ноҳияи Восеъ деҳаи Шурак ба номи Элмурод Хоҷаев гузошта шуд. Дар ноҳия Бохтар номи 6 деҳа -Питовник ба Боғпарвар, Эшма ба Кӯҳсор, Коммунизм ба Хушобиён, деҳаи ба номи Ломоносов ба Меҳргон, деҳаи ба номи Телмон ба Ганҷина, деҳаи ба номи Шмидт ба Сулҳобод иваз карда шуданд. Ҳамзамон деҳоти Ёли ноҳияи Шӯрообод ба номи Нуриддин Маҳмудов, деҳаҳои Кавлуч ва Деҳқаличи ҳамин ноҳия номҳои Дурахшон ва Давлатободро гирифтанд.

Июль 17, 2014 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад