Таъиноти кадрӣ
Душанбе, 05.07.2014 (НИАТ «Ховар»).- Имрӯз бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи Барқи тоҷик иваз карда шуд.Ба ҷойи Раиси қаблии ин ширкат Аслиддин Назарзода, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод карда шуд, Рустам Раҳматзода Раиси Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи Барқи тоҷик таъин карда шуд.Рустам Раҳматзода, ки то ин вақт Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд буд, мутахассиси варзида ва таҷрибадори соҳаи иқтисод ва идораи давлатӣ мебошад.Ба ҷои Мирзо Маҳмудзода ба вазифаи Муовини якуми раиси Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи Барқи тоҷик Ҷамшед Бобоев ва ба ҷойи Сулаймони Қосим ба вазифаи Муовини раиси ин ширкат Баҳром Азимов таъин карда шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дастур дод, ки барои муайян намудани мувофиқати тахассусии кормандони ин ширкат ба вазифаҳои ишғолнамуда, санҷиши натиҷаҳои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, сатҳи дониш, малака ва маҳорати касбии онҳо ҳамаи кормандони он аз аттестатсия гузаронда шаванд. Таъкид гардид, ки сифат ва самаранокии кори Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи Барқи тоҷик ва хусусан ҳолати иқтисодию молиявии ин ширкати бонуфуз бояд баланд бардошта шавад.Дар робита ба беҳсозии ҳолати молиявии Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи Барқи тоҷик таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи махсус ба фаъолияти роҳбарият ва кормандони раёсати фурӯши барқ зоҳир карда шавад, то ки ҳолатҳои номатлуб ба мисли азхудкунии ғайриқонунии маблағҳо, рӯйпӯш намудани дуздии муштариён, аз меъёрҳои маъмулӣ зиёд нишон додани талафоти технологию тиҷоратии нерӯи барқ аз миён бардошта шавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






