Таъиноти кадрӣ
Душанбе, 12.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра кадрҳои ба вазифаҳои нав дар Гвардияи Миллӣ, Агентии назорати маводи нашаовар ва дар соҳаҳои саноат ва кор бо ҷавонон пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.Зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати содиқонаю бенуқсон, иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ, ҳифзи шоистаи манфиатҳои давлату миллат ва тарбияи кадрҳои ҷавони ояндадор ҳидоят намуд.Ҳамин тариқ Талбидагӣ Давлатов, Фозил Раҳимов ва Қиёмиддин Самарзода ба вазифаҳои муовинони фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.Се нафари дигар ба вазифаҳои гуногуни сохторҳои махсуси ҳамин мақомот таъин гардиданд.Бояд таъкид дошт, ки ҳамаи кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Гвардияи миллӣ таъиншуда дорои тахассуси олии ҳарбӣ ва хатмкардагони донишгоҳу академияҳои бонуфузи кишварҳои хориҷӣ мебошанд.Муртазо Ҳайдарзода ба вазифаи Сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашаовар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шуд.Дар доираи тағйроти кадрӣ дар соҳаи саноат Заробиддин Файзуллоев Муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав таъин гардида, роҳбарони се корхонаи калони саноатӣ – КВД “Коргоҳи машинасозӣ”, ҶСК “Трансформатор” ва КВД “Ҷамаст” иваз карда шуданд.Эмомиддин Аслов Муовини вазири энергетика ва захираҳо об таъин гардид.Як қатор тағйироти кадрӣ дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд. Аз ҷумла Мавсумахон Муинова Муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қиёмиддин Миралиев Муовини раиси ҳамин кумита таъин карда шуданд.Ду нафар кормандони ҳамин кумита, аз ҷумла муовини якуми раиси кумита Кабирҷон Ҷӯраев ва сардори раёсати кумита Носир Буриев ба вазифаҳои мушовирони бахшҳои ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.Ҳамчунин аъзои нави Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.Тавре аён гардид, қисми зиёди нафарони имрӯз ба вазифаҳои роҳбарӣ таъингардида кадрҳои ҷавону ояндадор мебошанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки минбаъд низ ба таълиму тарбияи кадрҳои ҷавони болаёқат ва пешниҳоди онҳо ба вазифаҳои пурмасъулият бояд кӯшиш ба харҷ дод, то ки насли ояндаи соҳаҳои гуногуни идораи давлатӣ бо сифати баланд омода карда шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






