Таъминоти об дар чор навоҳӣ ҳалли худро меёбад

Июль 30, 2014 16:09

Душанбе, 30.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Масъалаи оғози марҳилаи аввали лоиҳаи миллии Идоракунии захираҳои обӣ дар Тоҷикистон мавриди муҳокимаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо роҳбари лоиҳаи мазкур Мариан Шиманович ва ҳайати ҳамроҳонаш қарор гирифт.Роҳбари вилоят таъкид намуд, ки дар шароити имрӯзаи минтақа, ки раванди ислоҳоти замин ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ идома дорад, таъминот бо оби полезӣ хеле муҳим аст. Зеро, дар аксари навоҳии кишоварзӣ хоҷагидорон ба оби полезӣ ба таври кифоягӣ дастрасӣ надоранд ва ин муамморо худи онҳо дар алоҳидагӣ бартараф карда наметавонанд.Мариан Шиманович изҳори умед кард, ки ҳамкории тарафайн дар самти амалисозии лоиҳаи мазкур манфиатнок хоҳад шуд. Лоиҳаи минтақавии идоракунии захираҳои обӣ дар доираи стратегияи швейтсарӣ оид ба ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки вазъи таъминоти об бо истифодаи роҳу усулҳои муосиру самаранок дар минтақа беҳтар гардад. Марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа, дар ҳамкорӣ бо ташкилоти «Хелветас Свисс Интеркооперейшн» — и Шветсария, Оҷонсии ҳамкории техникӣ ва Оҷонсии олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ роҳандозӣ хоҳад шуд ва доираи фаъолияташ ҳавзаҳои дарёи Сир, аз ҷумла ҳавзаи Оқсу ва ҳавзаи Хоҷабокирғонро дар бар хоҳад гирифт. Ба низомдарории захираҳои обӣ дар ин ҳавзаҳо ва автоматикунонии онҳо имкон медиҳад, ки таъминоти об дар чор навоҳӣ — Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Ғончӣ то андозае ҳалли худро ёбад.Дар рафти мулоқот ҳамчунин доираи ҳамкориҳо бо Лоиҳаи инкишофи бозори маҳаллӣ ва парваришу содироти маҳсулоти органикӣ ва биомаҳсулот дар самти пахтакорӣ, зардолупарварӣ ва дигар меваю сабзавот дар вилоят мавриди гуфтугӯ қарор дода шуданд, ки дар ин самт аз ҷониби лоиҳаи номбурда корҳои таҷрибавӣ ба роҳ монда шудаанд.Пас аз омӯзиши вазъи ҳавзаи Сирдарё ва ба мувофиқа омадани ҷонибҳо дар масъалаи ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаи идоракунии захираҳои обӣ дар вилоят шурӯъ мешавад.Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Июль 30, 2014 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст