Ташхиси нақлиёт ва маҳорати ронанда бояд таҳти назорат бошад
Душанбе, 3.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо дастури раиси вилояти Суғд Муовини раиси вилоят Ранохон Маҳмудзода барои изҳори ҳамдардӣ ва расонидани кӯмаки моддӣ ба ноҳияи Айнӣ рафта, аз хонаводаи 7 тан ғарқшудагони ҷамоати Урметани ноҳия хабар гирифт.Ёдрас мекунем, ки чанде пеш дар ҷамоати Урметан дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ 7 нафар занон дар дарёи Зарафшон ғарқ шуда буданд. Дар байни онҳо як нафар духтарчаи 8 — сола низ буд. Тани як нафари ғарқшуда, ки 7 рӯз инҷониб мавриди ҷустучӯ қарор дошт, дирӯз ба хок супорида шуд.Ҳамаи занон бо ҳам шиносу хеш буда, бо ҳам якҷоя сафар доштанд.Дар ҷараёни суҳбат пайвандони ҳалокшудагон хоҳиш намуданд, ки ташхиси нақлиёти хизматрасон ва ҳолати технкиву маҳорати ронандагон таҳти назорати қатъӣ гирифта шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






