Ташкили фоҳишахона дар ҳаммом
Душанбе, 1.07.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 28 июни соли равон аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Сино шаҳрванд М.Ш., соли таваллудаш 1980 ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир гардид. Номбурда шаби 27 ба 28 июни соли ҷорӣ ҳаммомхонаи тарабхонаи «Гулдаста», воқеъ дар кӯчаи Шамсии пойтахтро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: Қ.Э., соли таваллудаш 1978, сокини кӯчаи Зарафшон ва С.Х., соли таваллудаш 1988, сокини наҳияи Қумсангир барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 200 сомонӣ гирифтааст.Бино ба иттилои хадамоти матбуотии ВКД, инчунин аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи Маяковскийи шаҳри Душанбе шаҳрванд Р.М., соли таваллудаш 1965, бо гумони ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир шуд, ки ӯ хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон Ш.Д., соли таваллудаш 1986 ва А.М., соли таваллудаш 1989, сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 160 сомонӣ гирифтааст. Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






