Ташрифи расмии Ван И ба Тоҷикистон

Июль 29, 2014 15:03

Душанбе, 29.07.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ ).-Аз 31-уми июл то 1-уми августи соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И бо сафари расмӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Зимни сафари мазкур мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов дар назар аст. Аз рӯи натиҷаи ин гуфтушунидҳо интизор меравад чанд санади ҳамкорӣ имзо шуда, Изҳороти муштараки матбуотӣ бо намояндагони ВАО доир гардад. Бояд тазаккур дод, ки муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвари дӯсту ҳамҷавор 4 январи соли 1992 баршудаанд. Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе 13 марти соли 1992 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пекин 7 апрели соли 1997 ифтитоҳ ёфта, фаъолият доранд.Асоси заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро 200 санади байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳад.Эъломияи муштарак оид ба принсипҳои асосии муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки 11 марти соли 1993 ба имзо расидааст, яке аз санадҳои асосгузори ҳамкориҳои дуҷониба ба ҳисоб меравад. Пойдевори заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ва таҳкурсии сиёсии Созишнома оид ба ҳамҷавории нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки 15 январи соли 2007 дар рафти сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин ба имзо расидааст, ба ҳисоб меравад.Имрӯз Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳким ва густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо давлати Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.Дар тӯли 22 соли баъд аз барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ сафарҳои гуногунсатҳ, пеш аз ҳама сатҳи олӣ, робитаҳои кори намояндагони ду кишвар, ки аз майли Тоҷикистону Чин барои рушди ҳамкориҳои ояндадор дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ, ҳарбӣ ва гуманитарӣ далолат медиҳад, ниҳоят зиёд буданд. Чин ба сегонаи бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон шомил мебошад. Ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар дар соли 2013 аз 2 миллиард доллари амрикоӣ зиёд буд. Ширкатҳои зиёди бонуфузи чинӣ дар самтҳои мухталифи кишвар фаъолият карда истодаанд.Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ фаъолият дорад. Ҷаласаи навбатии ин Комиссия 2-5-июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд.Бо мусоидати молиявӣ ва техники ҶМЧ дар Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳим татбиқ гардидаанд. Аз ҷумлаи онҳо, сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ва нақбҳои Шаҳристон, Шар-Шар ва Чормағзак, хатҳои барқгузари баландшиддати 500 кВ «Ҷануб-Шимол» ва 200 кВ «Лолазор-Хатлон»-ро метавон номбар кард. Дар тайи 6 соли охир ҳаҷми сармоягузории Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба 500 млн. долл. ИМА расидааст.Ду кишвар дар соҳаи маориф босамар ҳамкорӣ намуда истодаанд. Имрӯз дар 112 макотиби олии Чин зиёда аз 2 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Дар Маркази Конфутсий (ш. Душанбе) донишҷӯёни зиёди тоҷикистонӣ забони чинӣ меомӯзанд.Ҷониби чинӣ курсҳои омӯзишӣ, семинарҳо дар самтҳои гуногун барои мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд. Ҳамзамон дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшҳои омӯзиши забони чинӣ мавҷуданд. Шаҳрвандони Чин низ бо муваффақият ҷараён доранд. Тоҷикистону Чин аъзои комилҳуқуқи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, дар ин чаҳорчӯба фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.

Июль 29, 2014 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад