Таъсиси нуқтаҳои шиносномадиҳии хориҷӣ дар Русия
Душанбе, 4.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав барои муҳоҷирони тоҷик 5-6 нуқтаи шиносномадиҳӣ-шиносномаи хориҷӣ таъсис медиҳад. Дар ин бора Имомиддин Сатторов -Сафири Тоҷикистон дар Русия хабар додааст. Ин тасмим дар пайи қарори Ҳукумати Русия дар бораи манъи истифодаи шиносномаи дохилии Тоҷикистон дар ҳудуди Русия амалӣ мешавад.“Шаҳрвандони як кишвари мустақил ба кишвари дигар бояд бо шиносномаҳои хориҷӣ сафар кунанд. Бо шиносномаи хориҷӣ сафар кардан, маънои ҷорӣ кардани раводидро надорад. Ин масъала барои содда кардани вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия матраҳ шудааст”,- гуфт Имомиддин Сатторов. Қарори Ҳукумати Русия дар бораи манъи истифодаи шиносномаи дохилии тоҷикӣ дар ҳудуди ин кишвар аз 1-уми январи соли 2015 ба ҳукми амал медарояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






