Таътили вакилон чанд моҳ идома меёбад?
Душанбе, 02.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон аз 1 июли соли равон ба рухсатии меҳнатӣ баромаданд. Муҳаммадато Султонов-котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки таътили вакилони Маҷлиси намояндагон то 15 августи соли равон идома меёбад. Баъдан вакилон ба Парулмон баргашта, ба фаъолият шурӯъ мекунанд. Бояд тазаккур дод, ки Маҷлиси намояндагон-палатаи поёнӣ ва доимоамалкунанда буда, 63 вакил дорад ва ваколаташон панҷ солро ташкил медиҳад. Моҳи феврали соли 2015 бо баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати вакилон ба анҷом мерасад. Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон чор аҳзоби сиёсии Тоҷикистон-Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон намоянда доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






