Тоҷикистон бо Мозамбику Бангладеш робитаи иқтисодӣ ба роҳ монданист
Душанбе, 30.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим дорад дар оянда ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистонро бо бархе аз кишварҳои қораи Осиё ва Африқо ба роҳ монда, густариш диҳад. Неъматҷон Буриев-муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ҷиҳати такмил ва тақвияти заминаҳои шартномавӣ- ҳуқуқии муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистон ва Мозамбик аз ҷониби Вазорат лоиҳаи «Созишнома оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мозамбик» таҳия гардида, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқаи Ҷумҳурии Мозамбик ирсол гардидааст. Инчунин ҷиҳати гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ дар мавриди маъқул донистани лоиҳаи «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Бангладеш оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ» лоиҳаи қарори марбутаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид. Н. Буриев ҳамзамон тазаккур дод, ки бо мақсади рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин лоиҳаи «Барномаи ҳамкории стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2015 -2020» таҳия карда шуд, ки алҳол лоиҳаи мазкур дар баррасии вазорату идораҳои марбутаи кишвар қарор дорад.1








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






