Тоҷикистон дар феҳристи ҷаҳонии футзал — дар ҷойи 62-юм қарор дорад
Душанбе, 11.07.2014. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон) -Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави ҷаҳонӣ дар ҷойи 62-юм қарор дорад.Бояд зикр кард, ки дастаи футзали Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби Осиё дар зинаи 13-ум ҷойгир шудааст. Дар байни дастаҳои мунтахаби Осиё дастаи миллии Эрон пешқадам аст. Мунтахаби Ҷопон дар мақоми дуввум ва дастаи Тайланд дар мақоми севвум қарор доранд. Ногуфта намонад, ки дар феҳрасти ҷаҳонӣ, ки он дар сомонаи интернетии Созмони байналмилалии футзал нашр шудааст, дастаи мунтахаби Бразил дар ҷойи аввал, Испания дар ҷойи дуввум ва Италия дар ҷойи севуум қарор дорад.Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати ниҳоии қаҳрамонии футзали Осиё -2014, ки аз 30-юми апрел то 10-уми май дар шаҳри Ҳошимини Вйетнам баргузор шуд, дар ҳарсе бозиаш аз дастаҳои Кувайт (0:5), Ветнам (4:10) ва Ироқ (1:6) шикаст хӯрд ва бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуда, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.Хотиррасон менамоем, ки баъди ин нокомӣ сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон Дамир Камолиддинов аз вазифааш сабукдӯш шуд, ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли оянда дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 бо раҳбарии сармураббии нави даста Ҳусейн Шодиев ширкат хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






