Тоҷикистон ва «Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф»
Душанбе, 1.07.2014 (АМИТ “Ховар”).- Аз 25 то 28 июни соли ҷорӣ дар Брюссел Конфронси байналмилалии сатҳи баланди «Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф» таҳти сарпарастии ЮНЕСКО ва ЮНИСЕФ барпо гардид, ки дар кори он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид ҳамчун аъзои алтернативии Шӯрои директорон аз минтақаи Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқии Бунёди «Шарикии глобалии таҳсилот» ширкат варзид. Дар кори чорабинии мазкур ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев ҳузур дошт. Дар чаҳорчӯби Конфронс вазирон ва намояндагони баландпояи соҳаи маориф аз тақрибан 60 кишвари ҷаҳон ва 30 ширкату ташкилоти байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла намояндагони сохторҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид, Комиссияи Аврупо, Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова иштирок доштанд. Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Н.Саид зимни баромади худ дар Конфронс таъкид сохт, ки рушди соҳаи маориф асоси рушди кишварҳоро ташкил дода, ҷалби кӯдакон ба таҳсил ва муҳайё сохтани шароити мусоиди таълимӣ бозгӯйи рушди устувор ва сиёсати дурусти давлатҳо дар самти инкишофи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад. Роҷеъ ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои таҳти маблағгузории “Шарикии глобалии таҳсилот” амалишаванда, Н.Саид зикр намуд, ки таъсири амалишавии лоиҳаҳо дар баланд бардоштани иқтидори идоракунии соҳаи маориф, беҳтар шудани инфрасохтор, омӯзиши таҷрибаи пешрафта ва амалӣ намудани усулҳои инноватсионии таҳсилот хеле муҳим аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






