Ваҳдат — 2014 — ҷонибдорӣ аз Президент
Душанбе, 02.07.2014.(АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дуюмин дави миллии ҷавонон «Роҳи Ваҳдат — 2014» бомуваффақият ба охир расид. Тими ҷавонон бо ҳисоби 130 фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, васоити ахбори омма ва меҳмонони хориҷӣ 26 -28 июни соли 2014 ба як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ташриф оварда, Рӯзи ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд. Чорабиниро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуд. Ташкилкунандагони саҳмия Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, рӯзномаи «Вечёрка» ва маркази фарҳангии «Аржанг» бо мусоидати молиявии Tcell ва «Фароз» буданд. Иштирокчиёни дав ба Норак, Данғара, Восеъ ва Мӯъминобод ташриф оварданд. Бори аввал меҳмонон аз Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон дар дав ширкат варзиданд. Соли 2015 Кумитаи тадорукоти дави миллӣ сафар ба ноҳияҳо ва шаҳрҳои Бадахшони кӯҳиро ба нақша гирифтааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






