Вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2014
Душанбе, 21.07.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).-Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаи «Вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон»-ро барои моҳҳои январ-июни соли 2014 аз чоп баровард. Нашри ҳармоҳаи Агентӣ иттилооти фаврию комплексӣ дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар, субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ,соҳаҳо ва бахшҳои иқтисодӣ барои моҳҳои охир ва барои давраи оғози солро дар бар мегирад. Тавре аз хадамоти матбуоти агентӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, асосан нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ҷараёни оид ба моҳи ҷорӣ ва соли гузаштаро дарбар мегирад. Маърӯзаро агентӣ дар асоси маълумотҳои аз мақомотҳои давлатии омори вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасгардида омода намудааст.Дар маърӯза иттилоот оид ба соҳаҳои муҳими истеҳсолот, нақлиёт ва алоқа, робитаҳои берунаи иқтисодӣ, бозори истеъмолӣ, нархҳо, молия, бозори меҳнат , сатҳи зиндагии мардум ба таври васеъ пешниҳод шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






