ВМКБ: Роҳҳо обод мешавад
Хоруғ, 18.07.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди ВМКБ» нигоҳдории 2 ҳазору 712 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмиллаливу ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии вилоятро бар зима дорад. Сармуҳандиси ин муассиса Хушназар Абдураҳимов афзуд, ки мувофиқи нақшаи пешбинишуда, барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои вилоят дар шаш моҳи соли ҷорӣ маблағи беш аз чору ним миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, гузоштани 65 адад аломатҳои нави роҳ, таъмири чуқуриҳои роҳ ба масофаи 83 ҳазору 643 метри мураббаъ, пошидани масолеҳи зидди лағжиш, ҳамвор намудани бар ва канори 645 ҳазор метри мураббаъ роҳҳоро ба анҷом расониданд. Ба ҳолати 23-юми июни соли 2014 дар муассисаҳои зертобеи муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди ВМКБ» барои зимистонгузаронӣ 127-адад механизмҳои роҳсозӣ ва 36 адад нақлиёти автомобилӣ омодаи кор мебошанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






