Вохӯрии С.Аслов бо ҳамоҳангсозони давлатҳои аъзои СҲШ
Душанбе, 29.07.2014 (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим ).- 28 июл вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо ҳамоҳангсозони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.Дар рафти вохӯрӣ Вазири корҳои хориҷӣ қайд намуд, ки айни замон Созмони ҳамкории Шанхай як навъ оилаест, ки дар он принсипҳои дастгирӣ ва ҳамёрӣ ҳукмфармо мебошад. Тазаккур гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи раёсати худ чунин дастгириро пурра эҳсос намуд ва дар ин робита миннатдории худро баён мекунад.Сироҷиддин Аслов изҳори боварӣ намуд, ки дар рафти ҷаласаи ҳамоҳангсозони давлатҳои аъзои СҲШ ҷонибҳо дар ҳамбастагӣ, инчунин дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагӣ метавонанд ба тамоми ҳадафҳои вогузошташуда бо натиҷаҳои мусбат, ки аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ босазо арзёбӣ хоҳанд гашт, хоҳанд расид.Ҳамзамон Вазири корҳои хориҷӣ ба Шӯрои ҳамоҳангсозони давлатҳои аъзои СҲШ фаъолияти босамарро баҳри шукуфоии минбаъдаи Созмон таманно намуд.Дар навбати худ, ҳамоҳангсозони давлатҳои аъзои СҲШ ҷониби Тоҷикистонро барои меҳмоннавозии самимӣ ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои фаъолияташон изҳори миннатдорӣ карданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






