Вохӯрии Шариф Саид бо роҳбари ширкати «Huahe International»
Душанбе, 14.07.2014 (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат) — Вохӯрии раиси ПСС Тоҷикистон Шариф Саид бо Президенти ҶММ ширкати чинии тиҷоратию машваратӣ ва сармоягузории «Huahe International» Лю Чуану 11 июл дар Душанбе баргузор гардид.Мақсади сафари меҳмонони чинӣ ташкили вохӯриҳои кории «Huahe International» бо ширкатҳои тоҷикии аъзои ПСС Тоҷикистон , густариши алоқаҳо бо корхонаҳои ватанӣ ва омӯзиши бозорҳои Тоҷикистон буд. Дар ин бора аз ПСС ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.Тибқи иттилои манбаъ дар вохӯрӣ ҳамчунин раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ — фермерии Тоҷикистон Азизбек Шарипов ва корманди ширкати «Сомон Капитал» Муборакшо Махшулов ширкат намуданд. Зимни вохӯрӣ , мусоҳибон ҳолати имрӯзаи муносибатҳои иқтисодии миёни ду кишвар марбут ба иқлими сармоягузорӣ ва имконоти рушди минбаъдаи онҳо , ҳамчунин масоили ташкили ба форуми соҳибкории дар пеш истодаи «Иссиқкӯл -2014» дахлдошта , ки 18 — 21 август соли 2014 дар соҳили кӯли Иссиқкӯл дар Қирғизистон баргузор мегардад, баррасӣ намуданд. «Ба барномаи дарпешистодаи форуми соҳибкорӣ муҳокимаи масоил оид ба таъсиси минтақаи иқтисодии Роҳи Абрешим (аз он ҷумла гидроэнергетика, хоҷагии қишлоқ, нақлиёт ва алоқа, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ , туризм) дохил мебошад. Иштирокчиёни чорабинӣ ҳамчунин бо лоиҳаҳои сармоягузорӣ баромад менамоянд», — қайд намуданд дар ПСС.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






