Заминҳо бо об таъмин мешаванд
Душанбе, 21.07.2014. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).- Соли 2014 азхудкунии 330 гектар заминҳои нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудааст. Ин нуктаро Ҳомид Ҳасанзода-раиси Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати кишвар зимни нишасти хабарӣ иброз дошт. Азхудкунии замини нави обёришаванда дар ноҳияҳои Тавилдара, Шуғнон, Рӯшон, Мастчоҳи кӯҳӣ, Файзобод, Варзоб ва дигар ноҳияҳо ба нақша гирифта шудааст. Ҳомид Ҳасанзода гуфт дар ВМКБ аз ҷумла дар ноҳияи Ванҷ 100 гектар, Шуғнон 60 гектар,Тавилдара 200 гектар,инчунин ноҳияи Файзобод 85 гектар,Мастчоҳи куҳӣ зиёда аз 115 гектар ва ноҳияи Варзоб зиёда аз 20 гектар заминро имсол аз худ кардаанд. Ба гуфтаи Ҳомид Ҳасанзода Агентии беҳдошти замин ва обёрї тавассути наҳрҳое,ки барои обёрии заминҳои азхудкарда сохта мешаванд, мушкилоти обро бартараф сохта,барои обтаъминкунии заминҳо тавассути ариқҳо ва шоҳариқҳо обро ба ҳамаи заминҳо баробар расонида,тақсимбандӣ мекунанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






