Зиёда аз 88 ҳазор евро барои зарардидагон аз офати табии
Душанбе, 14.07.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзаде).- Чиҳати расонидани кӯмак ба беш аз 5000 нафароне, ки аз селобаҳои баъд аз боронҳои сахти аввалҳои моҳи майи соли ҷорӣ зарар диданд, Комиссияи Аврупо 88 871 евроро ҷудо намудааст. Тавре, ки ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо иттилоъ доданд, саридораи Комиссияи Аврупо бо номи ЭКО, ки оид ба кӯмакҳои башардӯстона ва ҳимояи авом кор мекунад, тибқи дархости Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС) барои фонди ҳолатҳои фавқулодаи ин созмон маблағ ҷудо кард. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон маблағи мазкурро гирифта барои зарардидагон сарф хоҳад кард то мардумро бо либосворӣ, кӯрпача, бастачаҳои беҳдоштӣ ва асбобҳои пухтупаз таъмин намояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






