Қабули варзишгарон барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквандо
Душанбе, 1.08.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Шурӯъ аз пагоҳ, 2-юми август қабули меҳмонон ва варзишгарон барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон байни наврасон ва собиқадорон оид ба таэквандо (ITF), ки то 11-уми августи соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад, оғоз меёбад.Ҳамчунин дар назар аст, давоми рӯз семинар барои дастурдиҳандагони Чемпионат доир гардад. Семинари мазкур дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад.Ёдрас мешавем, ки дар чемпионати мазкур дар назар аст беш аз 600 варзишгар аз 52 кишвари олам иштирок ва барои зинаҳои ифтихорӣ миёни ҳам рақобат намоянд. Тоҷикистонро дар ин чемпионат 43 варзишгар, 20 духтар ва 23 писар намояндагӣ хоҳад кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






