Қарзҳои имтиёзнок барои муҳоҷирони экологӣ
Душанбе, 27.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Яке аз самтҳои фаъолияти Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд назорат ва татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Рӯзҳои 15 ва 20 августи соли ҷорӣ гурӯҳи кории бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ғончӣ бо сокинони ҷамоатҳои Росровут ва Ваҳдат корбарӣ намуд. Ҳайати гурӯҳ дар доираи сафари кории худ дар байни 15 оилаи муҳоҷири экологӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, моҳияти қарори муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирати экологиро шарҳ дод. Ҳамчунин аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки зудтар ба ҷойҳои бехавф кӯчанд.
Ҳамин гуна мулоқот бо муҳоҷирони экологӣ дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон гузаронида шуд.
Бино ба иттилои шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии Хадамоти муҳоҷират, муҳоҷирони экологии ин ноҳияҳо аз кумаки молиявӣ ва қарзи имтиёзноки давлатӣ баҳраманд шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






