Қочоқчиён дастгир шуданд
Душанбе, 6.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Санаи 20-уми июни соли ҷорӣ дар натиҷаи амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Наим валади Азим, соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кўчаи Ҷ.Расулов, хонаи 43/2, дар вақти хариду фурӯши маводи нашъаовар навъи «героин» ба миқдори 40 кг 060 гр аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ бо далелҳои шайъӣ дастгир гардид.Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳаммаслакони Муҳаммад Наим валади Азим шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, зода ва истиқоматкунандагони ноҳияи Фархор, ҷамоати деҳоти Дарқад, Сабзаев Идибек ва Тешаев Насимҷон ки интиқолдиҳандагони маводи нашъаовар аз ноҳияи Фархор то шаҳри Душанбе мебошанд, дастгир шуданд.Ҳамзамон рўзи 26-уми июли соли равон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотии иловагӣ аз замини наздиҳавлигии манзили истиқоматии Сангов Қурбоналӣ соли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор, ҷамоати деҳоти Дарқад, як бастаи селофании полиэтиленӣ, дар дохилаш маводи нашъадори навъи «героин» ба миқдори 975 грамм буд, дарёфт ва мусодира карда шуд. Оид ба ҳолати мазкур нисбати Сангов Қурбоналӣ бо моддаи 200 қисми-4 бандҳои «г», «д» ва моддаи 289 қисми 4-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






