Ҳаққи таҳсил дар литсей- интернатҳо чанд аст?
Душанбе, 25.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Зинаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ аз зинаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб ёфта, имрўз шумораи мактабҳо дар ҷумҳурӣ ба 3826 расидаст, ки аз он 53 адад мактаби хусусӣ буда 1 715 939 хонандаро дар бар мегирад, аз ҷумлаи ин 816 006 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин маблағи яксолаи пардохт барои хонандагон дар литсей-интенатҳо гуногун буда, аз ҷумла дар литсей — интернати ба номи Ҳоҷӣ Камол шартномаи таҳсили хонандагон барои як сол 6490 сомониро ташкил дода, 590 сомонӣ ҳаққи хобгоҳ мебошад. Ба иттилои масъулини литсей пардохти маблағ ба хоҳиши падару модар вогузор шудааст, яъне маблағро метавонанд пешакӣ супоранд ва ё то санаи 10-уми ҳар моҳ.
Дар литсей-интернати тоҷикӣ — туркии шаҳри Душанбе маблағи шартнома барои як моҳ 708 сомониро ташкил медиҳад, ки ба гуфтаи масъулини литсей ин маблағ танҳо барои он нафароне мебошад, ки аз хобгоҳи литсей истифода мебаранд ва ҳамчунин ба ин маблағ андоз шомил аст. Нафароне, ки аз хобгоҳ истифода намекунанд, 550 сомонӣ маблағ месупоранд, яъне танҳо барои таҳсил.
Шумораи кўдакистонҳо дар ҷумҳурӣ аз 508 ба 527 адад расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 19 адад зиёд шуд, ки аз инҳо 8 адад дар вилояти Хатлон ва 9 адад дар вилояти Суғд, 1 адад дар шаҳри Душанбе ва 1 адад дар ноҳияи Ҳисор мебошад. Шумораи кўдакон дар онҳо аз 76 370 нафар ба 80 442 нафар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 072 нафар зиёд мебошад. Илова ба ин, дар ҷумҳурӣ 30 кўдакистони хусусӣ фаъолият менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли гузашта 7 муассиса зиёд аст.
Дар робита ба амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016» ҷиҳати таъсиси Маркази инкишофи кўдакон бояд гуфт, ки шумораи Маркази инкишофи кўдакон аз 711 адади соли 2012 дар соли 2014 ба 1031 адад расида, фарогирии кўдакон дар соли 2014 ба 25 616 нафар (3.5%) расид.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






