Ҳамлаи Исроил
Душанбе,08.08.2014 (АМИТ «Ховар»Иброҳими Ҳабибуллоҳ)- Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си дирӯз нахуствазири корҳои дохилаи Исроил Бенямин Нетаняҳу- ба низомиёни кишвараш ҳамла ба Навори Ғаззаро аз сари нав дастур дод.
Фармони сарвазири Русия
Душанбе,08.08.2014 (АМИТ «Ховар» )-Мувофиқи фармони нави сарвазири Русия Дмитрий Медведев дар ҷойҳои ҷамъияти кишвар аз хадамоти интернетии Wi-Fi истифодаи беном мамнуъ карда шудааст. Гуфта мешавад, ки мақомоти қудратии Русия назорат аз болои шабакаҳои ҷаҳонии интернет ва дастрасӣ ба онро тақвият додаанд. Пешниҳоди президенти Амрико
Душанбе,08.08.2014 (АМИТ «Ховар» )-Ҳафтаи равон Президенти Амрико Барак Обама ба низомиёни кишвараш пешниҳод кард, ки барои дифоъи кормандони дипломатӣ ва дигар шахсони Амрикоӣ, ки дар айниҳол дар шимоли Ироқ дар шаҳри Ирбил фаъолият доранд, дар сурати зарурат бар зидди тундравҳои исломӣ ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом диҳанд. Мамнуъ кардани Русия
Душанбе,08.08.2014 (АМИТ «Ховар» )-Дирӯз Ҳукумати Русия қарори наве содир намудааст, ки дар он воридоти аксари маводи хӯрокворӣ, аз ҷумла гӯшту шир, моҳӣ ва меваву сабзавот ва дигар маҳсулоти ширӣро аз кишварҳои Амрико, Иттиҳодияи Аврупо, Австралия, Канада ва Норвегия мамнӯъ эълон кардааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






