Ҳашари роҳсозӣ дар Нуробод

Август 28, 2014 08:42

Душанбе, 28.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо ширкати ҷамоатҳои деҳот тасмим гирифтааст, ки барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар маркази шаш ҷамоати деҳоти ноҳия як километрӣ роҳро мумфарш намояд. 
Бо ин мақсад аз буҷети маҳаллӣ 47 ҳазор сомонӣ ва Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ 60 тонна мум ҷудо намуда, Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия иҷрои ин корро ба зимма гирифт. Дар пайравӣ аз ин иқдом соҳибкорони ноҳия низ дар ин кор саҳм гузоштанд. Дар натиҷа роҳи маркази ҷамоати деҳоти Комсомолобод дар масофаи 1,2 км мумфарш гардида, мумфаршсозии роҳи яккилометраи маркази ҷамоати деҳоти Муҷихарф идома дорад.  
Дар ҷамоати деҳоти Комсомолобод мардум барои обод нигоҳ доштани роҳҳои мошингарди маҳаллаҳои худ  ба ҳашар баромада, роҳҳоро  ҳамвор ва сангфарш месозанд. Бо ташаббуси аҳолӣ роҳи 12 — километраи байни деҳаи Тегирмӣ ва маркази ҷамоати деҳоти Комсомолобод ҳамвор ва ҷо — ҷо сангфарш шуд. Роҳи байни деҳаҳои Комсомолобод ва Дегаӣ, ки 7 километрро ташкил медиҳад, аз таъмир баромад. 
 
 

Август 28, 2014 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст