Ҳукумат ба Парлумон лоиҳаи қонунҳоро пешниҳод кард
Душанбе, 30.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Ҳукумати мамлакат, ки 29 август таҳти раёсати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, як силсила лоиҳаи қонунҳоро маъқул шуморида, ҷиҳати баррасӣ ва қабул ба Парлумони кишвар-Маҷлиси намояндагон фиристод. Инҳо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи назорати содирот” инчунин лоиҳаҳои тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ” мебошанд.
Ҳамзамон дар маҷлиси ҳукумати мамлакат нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014, инчунин аъзои нави ҳайати мушовараи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсус ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо тасдиқ шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






