Ҷаласаи омӯзгорон дар Айнӣ
Душанбе, 27.08.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ маҷлиси васеи кормандони соҳаи маорифи ноҳия баргузор гашт. Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар машварати августии омӯзгорон намояндагон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати маорифи вилоят, инчунин собиқадорони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Сараввал намояндагон ва иштирокчиёни маҷлис аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қуроқдӯзӣ, кулолгарӣ ва маҳсулоти нонӣ, ки аз ҷониби хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 5, 3, 2 ба маърази тамошо гузошта шуд, дидан карданд.
Дар машварат раиси ноҳия Неъматулло Раҳматуллозода зикр намуд, ки маориф аз соҳаҳои афзалиятнок дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ҷаласа ҳамчунин мудири шуъбаи маорифи ноҳия Муллоғиёс Шарифов оид ба бурду бохти соҳаи маориф дар давраи ҳисоботӣ ба таври муфассал маълумот дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






