Ҷараёни бозиҳои олимпии наврасон дар Чин
Душанбе, 19.08.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин бо ширкати беш аз 3800 варзишгар аз 204 кишвар ҷараён дорад.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, баъди натиҷагирии ду рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинг дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Чин бо 4 медали тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ дар мақоми аввал аст.
Мунтахаби Русия бо 4 медали тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҷойи дувум ва мунтахаби Маҷористон бо 4 медали тилло ва 2 биринҷӣ дар ҷойи севум қарор доранд. Аз рӯи ҳисоби умумии медалҳо низ Чин бо 10 нишон пешсаф мебошад.
Дар рӯзи дувуми мусобиқот — 18-уми август — аз рӯи барномаи Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпӣ дар Нанҷинг ду варзишгари навраси тоҷик дар намудҳои дзюдо ва тирандозӣ рақобат карданд.
Фаррухи Салим, паҳлавони тоҷик, дар сабқати дзюдо дар вазни то 81 кг дар даври аввал аз Усома Маҳмуд Санусӣ аз Тунис шикаст хӯрд. Баъдан дар ду қувваозмоӣ бар Маттиас Куусик аз Эстония ва Ҷозе Басили аз Бразилия пирӯз шуд, вале дар қувваозмоии чорумаш аз Луис Криебер-Гагнон аз Канада мағлуб гашт ва дар натиҷа мақоми 9-умро касб кард. Рӯзи душанбе варзишгари дигари тоҷик Ҷаъфар Шерматов дар сабқати тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр 60 тир холӣ кард ва 521 имтиёз ба даст овард. Вале ин натиҷа ба ӯ имкон надод, ки ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёбад.








Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд






