30 оилаи муҳоҷирро кӣ бо қитъаи замин таъмин кард?
Душанбе, 18.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бино ба иттилои шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии Хадамоти муҳоҷират, дар айни замон дар ноҳияи Ҷиргатол ба 30 оилаи муҳоҷир, ки дар соли 2014 кўчонида мешавад, қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо гардид.
Инчунин дар мавзеи Эсанбойи ноҳияи Рўдакӣ ҷиҳати таъмин намудани муҳоҷирони шаҳри Роғун бо оби нўшокӣ, қувваи барқ, бунгоҳи тиббӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ дар даҳаи аввали моҳи августи соли ҷорӣ бо иштироки масъулини вазорату идораҳои дахлдор гузаронидани ҷаласаи сайёр дар назар аст.
Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” аз мавзеи Чоргули ноҳияи Ҷиргатол дидан намуда, бо ҷараёни корҳои бо об таъмин кардани муҳоҷирон аз наздик шинос шуда, оид ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Бино ба гуфтаи масъулин, ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати дохилӣ таҳти назорат қарор дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






