35 тоҷик бо кор таъмин мешавад
Душанбе, 19.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои дарёфти ҷойи кори муносиб ва маоши арзанда барои муҳоҷирони меҳнатӣ робитаи устувор ва густардаро бо ҷамъиятҳои тоҷикон дар Федератсияи Русия ба роҳ мондааст.
Бино ба иттилои Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, карор аст рўзҳои наздик 35 нафар мутахассиси соҳаи сохтмон, роҳсозӣ, алалхусус автогрейдерҳо, ронандагон, деворгарон, андовачиён, кормандони муассисаҳои хӯроки умумӣ мутобиқи шартномаи тарафайн дар Осетияи шимолӣ бо кор таъмин шаванд.
Мутобиқи шартнома корҷӯён бо ҷойи хоб, хўроки севақта ва хароҷоти роҳкиро аз ҳисоби кордиҳанда таъмин мегарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






